г. Душанбе, ул. Рудаки 100, офис 15

ШОМИЛ ШУДАНИ МУАССИСА БА 10-ГОНАИ БЕҲТАРИН МУАССИСАҲОИ ТИПИ НАВ: ЛИТСЕЙ ВА ГИМНАЗИЯҲО ДАР СОЛИ 2026

Санаи 27-уми феврал, дар пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа муҳтарам Одилзода Дилбар Раҳим ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муҳтарам Исмоилзода Баҳром Мансур маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандгардонии ғолибони даври сеюм (шаҳрӣ)-и олимпиадаи фаннӣ баргузор гардид.

Боиси хушнудист, ки маротибаи дуюм муассиса аз рӯи маҷмӯи медалҳо дар даври шаҳрии Олимпиадаҳои фаннӣ бо 30-ҷои ифтихорӣ ба 10-гонаи беҳтарин муассисаҳои таълимии типи нав: литсей ва гимназияҳо қарор гирифт. Бо ҳамин тариқ, ба дастаи олимпии литсей аз тарафи кумитаи тадорукоти олимпиада ҷоиза тақдим карда шуд.

Ҳамзамон, хонандагони синфҳои 5-6 ва 11-муассиса ҷиҳати ғолибият дар даври шаҳрии Олимпиадаҳои фаннӣ бо медал ва диплом сарфароз гардонида шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки шумораи ғолибони муассиса дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ аз ҳисоби хонандагони боистеъдоду фаъол зиёд гардида, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд, ки ин ҳама заҳматҳои омӯзгорон ва хонандагони муассиса мебошад, ки дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар талошу омӯзиши илму дониш камари ҳиммат бастаанд.

Дастоварди навбатии муассисаро ба кулли омӯзгорону таълимгирандагони муассиса табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти илмуву эҷодияшон барору комёбӣ таманно менамоем

7 марти соли ҷорӣ, бо иштироки омузгорон ва духтарони муассиса бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.

Ба ифтихори Рӯзи модар озмуни «Канӣ, духтарон!» баргузор гардид.

Озмуни «Канӣ, духтарон!» аз рӯи шартҳои зерин баргузор гардид: Саломнома, намоиши либосҳои миллӣ, ороиш ва парвариши мӯй, видеоролики беҳтарин дар васфи Модар, тайёр намудани оши бурида ва хондани суруди алла, ки иштирокчиён дар ҳар як бахш маҳорату ҳунар, истеъдод ва донишу фарҳанги худро хело хуб нишон доданд.

Дар МДТ Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе чорабинии идонаи Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Чорабиниро директори муассиса Аминзода М.Ф ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин ва ҳамчун шиносномаи мардуми ориёӣ, махсусан миллати тоҷик, ба ҳисоб меравад.

Барномаи фарҳангӣ бо намоиши баҳории кӯдакон ва рақси гурӯҳии онҳо оғоз гардида, сипас бо саҳначаҳои ҷолиб бо иштироки Баҳор, Бобои Деҳқон ва арӯсбиёрон идома ёфт. Аз ҷониби хонандагон сурудҳои дилнишин ва рақсҳои мавзун иҷро гардида, инчунин шеърҳои пурмазмуну таъсирбахш дар васфи Наврӯз ва баҳор қироат карда шуд, ки ба чорабинӣ ҳусни хос зам намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ як қатор хонандагони фаъол бо сипосномаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия маросими ифтитоҳи Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» бо иштироки дастаҳои зиёда аз 20 давлати ҷаҳон дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.

Дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин чорабинии бонуфуз иштирок намуда, кишвари худро бо ифтихор муаррифӣ кард. Қобили зикр аст, ки даври ниҳоии олимпиада аз 24 то 30 марти соли ҷорӣ идома ёфта, роҳбарияти Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар ин сафар дастаи кишварро ҳамроҳӣ ва дастгирӣ менамояд.

Ба дастаҳои Тоҷикистон барору комёбӣ ва дастовардҳои назаррас таманно дорем!

Дар шаҳри Куала-Лумпури Ҷумҳурии Малайзия аз 24 то 30-юми марти соли равон даври ниҳоии олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs-2026» бо иштироки зиёда аз 20 давлати дунё ҷараён гирифт.

Боиси ифтихор аст, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар олимпиадаи мазкур ду нафар хонандагони синфи 3-и муассиса Ҳамидов Муҳаммадамин ва Ризозода Билол зери роҳбарии директори муассиса Аминзода Муслиҳиддин фаъолона иштирок варзиданд.

Ба Ҳамидов Муҳаммадамин хонандаи синфи 3 «А»-и муассиса муяссар гардид, ки дар даври ниҳоии олимпиада аз фанни математика байни хонандагони синфҳои 3-4 аз рӯи категорияи якум сазовори зинаи III-юм гардад. Ҳамзамон, Ризозода Билол хонандаи синфи 3 «В» аз рӯи ҳамин категория сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, шарафи меҳанро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.

Дастоварди сатҳи ҷаҳониро ба ҳайати коллективи омӯзгорони муассиса, падару модарон ва хонандагони муассиса шодбош мегӯем!

Санаи 26-уми майи соли равон, дар толори фарҳангии муассиса бо иштироки маъмурият, омӯзгорон, падару модарон, ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ва ғолибони даври ниҳоии озмунҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ маросими ҳавасмандгардонӣ ба як шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

Маросим бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, намоиши видео-ролики натиҷаву дастовардҳои муассиса дар соли таҳсили 2025-2026 ва чорабинии фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид. Сипас, сухани табрикотиву ифтиттоҳии директори муассиса шунида шуда, хонандагони лаёқатмандро ҷиҳати дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пирӯз гардиданашон табрику муборакбод намуда, ба волидони онҳо барои ҳамкориҳои судманд ва масъулияти баланд изҳори сипос намуд.

Маросими ҳавасмандгардонӣ аз рӯи 5 номинатсия: «Ҳавасмандгардонии омӯзгорони фаъоли муассиса» дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ; «Ҳавасмандгардонии падару модарон ва ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ»; «Ҳавасмандгардонии падару модарон ва ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ»; «Ҳавасмандгардонии падару модарон ва ғолибони озмунҳои шаҳрӣ» ва «Ҳавасмандгардонии падару модарон ва ғолибони даври ниҳоии Олимпиадаҳои байналмилалӣ» баргузор гардид.

Дар идома, ба ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва озмунҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ аз ҷониби роҳбарияти муассиса «Ифтихорнома» ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ба падару модарон ва омӯзгорони онҳо «Сипосномаҳо»-и муассиса тақдим карда шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки дастовардҳои муассиса сол то сол дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи шаҳриву ҷумҳуриявӣ афзун гардида, мақоми литсей дар баробари муассисаҳои пешсафи самти ҳаракати олимпӣ меафзояд. Соли ҷорӣ хонандагони литсей маротибаи дуюм паиҳам ба «10-гонаи беҳтарин муассисаҳои типи нав: литсей ва гимназияҳои пойтахт» дар самти ҳаракати олимпӣ шомил гардида, дар тамоми озмунҳои шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе», «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ва «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» ва озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ — китоб аст» соҳибмақом гардид. Ин ҳама аз заҳмату толоши шабонарӯзии омӯзгорон ва хонандагони муассиса мебошад, ки дар ҷодаи илм камарӣ ҳиммат бастаанд ва заҳмату талошҳои онҳо аз марази роҳбарияти муассиса дур намонда, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ пайваста дастгирӣ меёбанд.

Суратгузориш аз ҷараёни ҳавасмандгардонӣ!

Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ намудани низоми таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ гардида истодаанд. Яке аз чунин иқдомҳои муҳим иштироки кишвар дар арзёбиҳои байналмилалӣ, аз ҷумла арзёбии PIRLS — 2026 мебошад.

Дар идомаи баргузории давраи асосии арзёбии байналмилалии PIRLS — 2026 миёни хонандагони синфҳои 4-ум, ки аз 14 апрел то 6 майи соли ҷорӣ дар 171 муассисаи таҳсилоти умумии 52 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст, имрӯз, 17 апрели соли 2026 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Б. Музаффарзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ҷаъфарзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, намояндагони лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» ва дигар шахсони масъул дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» иштирок намуданд.

Татбиқи арзёбии PIRLS — 2026 дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» ба таври самаранок ба роҳ монда шуда, ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ, такмили муҳити омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи дастрасии хонандагон ба захираҳои таълимӣ мебошад. Дар ин замина, истифодаи усулҳои муосири таълим, технологияҳои иттилоотӣ ва рушди қобилияти тафаккури интиқодии хонандагон низ тақвият дода мешавад.

Зикр гардид, ки натиҷаҳои арзёбии PIRLS — 2026 барои муайян намудани вазъи воқеии сатҳи саводнокии хонандагон, такмили барномаҳои таълимӣ ва таҳияи сиёсати минбаъдаи соҳа заминаи муҳим фароҳам меоранд. Ҳамзамон, ин раванд имконият медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар муқоиса бо кишварҳои дигар муайян намуда, таҷрибаи пешқадамро дар низоми миллии маориф ҷорӣ намояд.

Дар маҷмӯъ, иштироки фаъолона дар арзёбиҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар ба рушди устувори соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад

Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони «Шоҳнома – пояи худшиносӣ ва фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.

Дар рафти маҳфил иштирокчиён аз осори безаволи «Шоҳнома» порчаҳо қироат намуда, ҳамзамон либоси миллиро муаррифӣ карданд.

Қайд гардид, ки чунин чорабиниҳо дар тарбияи ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани маърифати хонандагон нақши муҳим доранд.

Маросими шинонидани ниҳоли дӯстӣ аз ҷониби сарони Тоҷикистону Муғулистон

Маросими шинонидани ниҳоли дӯстӣ аз ҷониби сарони Тоҷикистону Муғулистон

ДАВРАИ СОЛИМГАРДОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБИИ №110-И НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон нахустин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ба имзо расид

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Китобхонаи электронӣ

Узнать больше

Чорабиниҳо

Узнать больше
Все новости Читать больше статей

Наши партнеры