Дар МДТ Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе чорабинии идонаи Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Чорабиниро директори муассиса Аминзода М.Ф ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин ва ҳамчун шиносномаи мардуми ориёӣ, махсусан миллати тоҷик, ба ҳисоб меравад.
Барномаи фарҳангӣ бо намоиши баҳории кӯдакон ва рақси гурӯҳии онҳо оғоз гардида, сипас бо саҳначаҳои ҷолиб бо иштироки Баҳор, Бобои Деҳқон ва арӯсбиёрон идома ёфт. Аз ҷониби хонандагон сурудҳои дилнишин ва рақсҳои мавзун иҷро гардида, инчунин шеърҳои пурмазмуну таъсирбахш дар васфи Наврӯз ва баҳор қироат карда шуд, ки ба чорабинӣ ҳусни хос зам намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ як қатор хонандагони фаъол бо сипосномаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.