г. Душанбе, ул. Рудаки 100, офис 15

Хушхабар, дар ҷамъбасти даври шаҳрии олимпиадаҳои фаннӣ!

ШОМИЛ ШУДАНИ МУАССИСА БА 10-ГОНАИ БЕҲТАРИН МУАССИСАҲОИ ТИПИ НАВ: ЛИТСЕЙ ВА ГИМНАЗИЯҲО ДАР СОЛИ 2026

Санаи 27-уми феврал, дар пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа муҳтарам Одилзода Дилбар Раҳим ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муҳтарам Исмоилзода Баҳром Мансур маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандгардонии ғолибони даври сеюм (шаҳрӣ)-и олимпиадаи фаннӣ баргузор гардид.

Боиси хушнудист, ки маротибаи дуюм муассиса аз рӯи маҷмӯи медалҳо дар даври шаҳрии Олимпиадаҳои фаннӣ бо 30-ҷои ифтихорӣ ба 10-гонаи беҳтарин муассисаҳои таълимии типи нав: литсей ва гимназияҳо қарор гирифт. Бо ҳамин тариқ, ба дастаи олимпии литсей аз тарафи кумитаи тадорукоти олимпиада ҷоиза тақдим карда шуд.

Ҳамзамон, хонандагони синфҳои 5-6 ва 11-муассиса ҷиҳати ғолибият дар даври шаҳрии Олимпиадаҳои фаннӣ бо медал ва диплом сарфароз гардонида шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки шумораи ғолибони муассиса дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ аз ҳисоби хонандагони боистеъдоду фаъол зиёд гардида, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд, ки ин ҳама заҳматҳои омӯзгорон ва хонандагони муассиса мебошад, ки дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар талошу омӯзиши илму дониш камари ҳиммат бастаанд.

Дастоварди навбатии муассисаро ба кулли омӯзгорону таълимгирандагони муассиса табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти илмуву эҷодияшон барору комёбӣ таманно менамоем