г. Душанбе, ул. Рудаки 100, офис 15

ДАСТОВАРДИ НАВБАТӢ: ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОНУ ОМӮЗГОРОНИ МУАССИСА ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНҲОИ ШАҲРИИ «ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ» ВА «ЗАБОН ДОНӢ — ҶАҲОН ДОНӢ»

Санаи 30-юми апрел, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, Маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ва «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» бо иштироки муовини Раиси ноҳия муҳтарам Зуҳурзода Зарина Ҳабибулло ва мудири шуъбаи маориф Бобозода Асомиддин Ҳасан баргузор гардид.

Маврид ба тазаккур аст, ки хонандагони муассиса дар даври ноҳиявии Озмунҳои шаҳрӣ фаъолона ширкат варзида, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардидан. Ҳамин тариқ, дар даври ноҳиявии Озмунҳои шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ба гирифтани 4-ҷойи ифтихорӣ аз рӯи чор номинатсия ва «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» ба гирифтани 2-ҷойи ифтихорӣ шарафёб гардиданд.

Ба ғолибон дар маросими ҷоизасупорӣ аз тарафи кумитаи тадорукот ҷом, диплом ва мукофотпулӣ ва ба омӯзгорони онҳо диплом ва мукофотпулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур тақдим карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки озмунҳои мазкур соли ҷорӣ тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, бо мақсади ҷалби оммавии хонандагон ба забономӯзӣ, ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт, муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии истеъдодҳои нав дар ин самт равона карда шудаст.

Дастоварди навбатии муассисаро ба тамоми омӯзгорону кормандон, падару модарон ва хонандагони муассиса шодбош гуфта, ба ғолибон дар даври шаҳрии озмун барору комёбӣ ва муҳаффариятҳои нав ба навро таманно дорем!

«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ»

🥇Фатҳуллоева Тавҳида, синфи 9 «А»;

Номинатсия: Табиатшиносӣ.

🥈Назарова Мунира, синфи 10 «А»,

Номинатсия: Радио-эллектроника.

🥈Гулбаҳори Бахтиёр, синфи 9 «В»,

Номинатсия: Сайёҳӣ-кишваршиносӣ.

🥉Маҳмадуллоев Муҳаммад, синфи 11 «А»,

Номинатсия: Моделсозӣ.

«ЗАБОН ДОНӢ — ҶАҲОН ДОНӢ»

(байни синфҳои 9-11)

🥇Латипова Оиша, синфи 10 «В»;

🥉Ҷураева Фотима, синфи 10 «В»