Имрӯз, 6-уми май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, Маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюм (ноҳиявӣ)-и Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ, бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур, сарпарасти соҳа муҳтарам Зуҳурзода Зарина баргузор гардид.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки хонандагони муассиса бо як истеъдоди баланд ва маҳорати хосса дар озмуни мазкур иштирок намуда, сазовори 5 (панҷ) ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, 1 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюмро ба даст оварданд, ки ба ин тариқ, аз рӯи маҷмӯи ҷойҳои бадастоварда, муассиса дар ноҳияи Шоҳмансур дар мақоми аввал қарор гирифт.
Ба ғолибони озмун, имрӯз дар маросими ҷоизасупорӣ аз тарафи кумитаи тадорукот диплом ва мукофотпулӣ барои ҷойҳои I-ум 1500 сомонӣ, барои ҷойҳои II-юм 1200 сомонӣ ва барои ҷойҳои III-юм 1000 сомонӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон, ба омӯзгорони онҳо низ бо ин тартиб мукофотпулиҳо супорида шуд.
Дастоварди назаррасу хонандагон ва омӯзгорони муассисаро шодбош гуфта, ба ғолибон дар даври шаҳрӣ барору комёбӣ ва музаффариятҳои навбатиро таманно дорем!
Ғолибони муассиса дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар соли 2026:
Самизода Румайсо, синфи 3 «В»;
Ҷураева Фотима, синфи 10 «В»
Саломатова Шифо, синфи 9 «Б”;
Ҳомидова Осия, синфи 4 «Ё»;
Гулбаҳори Бахтиёр, синфи 9 «В».