г. Душанбе, ул. Рудаки 100, офис 15

Дастовардҳои шоиста дар арафаи таҷлил аз Рӯзи Пойтахт

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки хонандагони литсей дар тамоми озмунҳои сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ пешгом буда, ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Ин навбат, дар арафаи таҷлил аз рӯзи пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, 2-нафар хонандаи литсей барои ғолибият дар даври ниҳоии Озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» аз рӯи номинатсияи «Эҷоди беҳтарини шеър» дар васфи шаҳри Душанбе бо ҷоизаҳои арзишманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, Гулбаҳори Бахтиёр, хонандаи синфи 9 «В» бо дипломи дараҷаи I, ҷом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ ва Рауфова Румайсо, хонандаи синфи 8 «А» бо дипломи дараҷаи II, ҷом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ мушарраф гардиданд.

Ҳамзамон, чор нафар хонандагони литсей дар Озмун барои дарёфти Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе комёб гардиданд, ки бо мукофотпулӣ ва лентаи фахрии гирандаи стипендия шарафёб гардонида шуданд.

Ҷоизаҳо ба ғолибони озмун, санаи 18-уми апрел, дар толори Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа муҳтарам Одилзода Дилбар Раҳим дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.

Дастовардҳои навбатии муассисаро ба кулли омӯзгорону кормандон ва хонандагони муассиса муборакбод намуда, ба ғолибон дар озмунҳои минбаъда барору комёбӣ таманно дорем!

Озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе»:

🥇Рауфова Румайсо, синфи 8 «А»;

Омӯзгор: Ализода Мавзуна.

🥈Гулбаҳори Бахтиёр, синфи 9 «В»;

Омӯзгор: Холов Тоир.

аз рӯи номинатсияи «Эҷоди беҳтарини шеър»

Гирандагони озмуни «Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе»

Фатҳуллоева Тавҳида, синфи 9 «А».

Холова Фарзона, синфи 7 «А»;

Бобоев Умар, синфи 8 «В»;

Абдуллоева Зайнаб, синфи 9 «А»;