Санаи 26-уми майи соли равон, дар толори фарҳангии муассиса бо иштироки маъмурият, омӯзгорон, падару модарон, ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ва ғолибони даври ниҳоии озмунҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ маросими ҳавасмандгардонӣ ба як шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Маросим бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, намоиши видео-ролики натиҷаву дастовардҳои муассиса дар соли таҳсили 2025-2026 ва чорабинии фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид. Сипас, сухани табрикотиву ифтиттоҳии директори муассиса шунида шуда, хонандагони лаёқатмандро ҷиҳати дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пирӯз гардиданашон табрику муборакбод намуда, ба волидони онҳо барои ҳамкориҳои судманд ва масъулияти баланд изҳори сипос намуд.
Маросими ҳавасмандгардонӣ аз рӯи 5 номинатсия: «Ҳавасмандгардонии омӯзгорони фаъоли муассиса» дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ; «Ҳавасмандгардонии падару модарон ва ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ»; «Ҳавасмандгардонии падару модарон ва ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ»; «Ҳавасмандгардонии падару модарон ва ғолибони озмунҳои шаҳрӣ» ва «Ҳавасмандгардонии падару модарон ва ғолибони даври ниҳоии Олимпиадаҳои байналмилалӣ» баргузор гардид.
Дар идома, ба ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва озмунҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ аз ҷониби роҳбарияти муассиса «Ифтихорнома» ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ба падару модарон ва омӯзгорони онҳо «Сипосномаҳо»-и муассиса тақдим карда шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки дастовардҳои муассиса сол то сол дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи шаҳриву ҷумҳуриявӣ афзун гардида, мақоми литсей дар баробари муассисаҳои пешсафи самти ҳаракати олимпӣ меафзояд. Соли ҷорӣ хонандагони литсей маротибаи дуюм паиҳам ба «10-гонаи беҳтарин муассисаҳои типи нав: литсей ва гимназияҳои пойтахт» дар самти ҳаракати олимпӣ шомил гардида, дар тамоми озмунҳои шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе», «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ва «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» ва озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ — китоб аст» соҳибмақом гардид. Ин ҳама аз заҳмату толоши шабонарӯзии омӯзгорон ва хонандагони муассиса мебошад, ки дар ҷодаи илм камарӣ ҳиммат бастаанд ва заҳмату талошҳои онҳо аз марази роҳбарияти муассиса дур намонда, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ пайваста дастгирӣ меёбанд.
Суратгузориш аз ҷараёни ҳавасмандгардонӣ!