г. Душанбе, ул. Рудаки 100, офис 15

МАҚОМИ АВВАЛ ДАР НОҲИЯ: ДАСТОВАРДИ НАЗАРРАСИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙ ДАР ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

Июн 6, 2026 ш. Душанбе

«Дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.»

(Эмомалӣ Раҳмон)

Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки толибилмону омӯзгорони муассиса дар пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, пайваста дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ дастболо мегарданд. Ин навбат, хонандагони литсей дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аз рӯи 8 номинатсия иштирок намуда, ба гирифтани 16 ҷойи ифтихорӣ: 2 мақоми аввал, 3 мақоми дуюм ва 11 мақоми сеюм ноил гардиданд, ки аз таваҷҷуҳи хонандагон ба фанҳои табию-риёзӣ ва дар амал татбиқ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар муассиса гувоҳӣ медиҳад.

Санаи 4-июн, дар толори фарҳангии Донишгоҳи техникӣ ба номи академик М. Осимӣ маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар ноҳияи Шоҳмансур» баргузор гардид, ки хонандагони муассиса дар қатори дигар ғолибон бо «Диплом» ва мукофотпулӣ ва омӯзгорони онҳо бо мукофотпулӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон, муассиса барои саҳми арзанда ва иштироки фаъолона дар озмуни мазкур бо «Сипоснома»-и Раиси ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардид.

Бояд қайд намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат”, ҳамасола бо ташаббус ва таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор карда мешавад.

Маъмурияти МДТ «Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» пирӯзии шоистаи хонандагону омӯзгорони муассисара самимона табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар ҷодаи илму дониш ва дар давраҳои минбаъдаи озмун музаффариятҳои назаррасро таманно менамояд!

Суратгузориш аз маросими ҳавасмандгардонии хонандагону омӯзгорони муассиса!