г. Душанбе, ул. Рудаки 100, офис 15

ХУШХАБАР АЗ МАЛАЙЗИЯ: ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАИ ЛИТСЕЙ ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «BRAINIACS-2026»

Дар шаҳри Куала-Лумпури Ҷумҳурии Малайзия аз 24 то 30-юми марти соли равон даври ниҳоии олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs-2026» бо иштироки зиёда аз 20 давлати дунё ҷараён гирифт.

Боиси ифтихор аст, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар олимпиадаи мазкур ду нафар хонандагони синфи 3-и муассиса Ҳамидов Муҳаммадамин ва Ризозода Билол зери роҳбарии директори муассиса Аминзода Муслиҳиддин фаъолона иштирок варзиданд.

Ба Ҳамидов Муҳаммадамин хонандаи синфи 3 «А»-и муассиса муяссар гардид, ки дар даври ниҳоии олимпиада аз фанни математика байни хонандагони синфҳои 3-4 аз рӯи категорияи якум сазовори зинаи III-юм гардад. Ҳамзамон, Ризозода Билол хонандаи синфи 3 «В» аз рӯи ҳамин категория сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, шарафи меҳанро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.

Дастоварди сатҳи ҷаҳониро ба ҳайати коллективи омӯзгорони муассиса, падару модарон ва хонандагони муассиса шодбош мегӯем!